Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилӣ аз раванди корҳои ободонӣ дар Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД боздид намуд

3 августи соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои ободонии Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ки ба муносибатаи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, барои фаъолияти хизматӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, боздид намуд.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД, Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки Бюрои миллии марказии «Интерпол» яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва фаъолияти самараноки он барои густариши ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ аҳаммияти калон дорад.
Вазири корҳои дохилӣ аз ҳар як корманд талаб намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ пайваста кӯшиш намуда, забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисиро, дар сатҳи баланд аз худ намоянд. Зикр гардид, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои иштирок ва суханронӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, инчунин роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо ҳамтоёни хориҷӣ аз талаботи асосии фаъолияти кормандони ин ниҳод мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки ҳайати шахсиро зарур аст бо  истифода аз имкониятҳои мавҷуда вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намоянд.

03.08.2026 19:30
120