Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёе

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо бо таманниёти сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона табрик гуфтанд.
Дар ин замина, қадамҳои устувори Узбекистони бародар дар роҳи рушду пешрафт ва таҳкими пайвастаи обрӯву эътибори байналмилалии он таъкид гардиданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзмарраи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд. Пешвои миллат аз азми қатъии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Узбекистон дар рӯҳияи анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ёдовар шуданд.
Сарварони Тоҷикистон ва Узбекистон ҷадвали вохӯриҳо ва тамосҳои дарпешистодаро дар ҳошияи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима намуданд.
Оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб низ табодули афкор сурат гирифт.

24.07.2026 10:59
8