Муноқишаи оилавӣ бо кордзанӣ хотима ёфт
1 августи соли 2026, тахминан соати 21:30, сокини шаҳри Кӯлоб Ҳидоятулло Зарипов, соли таваллудаш 1985, ки қаблан бо моддаҳои 200 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳангоми дар манзили истиқоматиаш қарор доштан бо падар ва модараш ҷангу муноқиша намудааст.
Гумонбар дар ҷараёни муноқиша бо корди ошхонагӣ ба падару модараш таҳдид карда, баъдан бо ҳамин корд ба бародараш Зарипов М., соли таваллудаш 1994, шаш захм ба қафаси сина, зери манаҳ, паҳлуи гардан ва оринҷи дасти чап расонидааст.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуда, таҳти назорати табибон қарор дорад. Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.


















