Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванд Одинамамадов Х., соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи И.Сомониро бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Номбурда 15 июли соли 2026 дар назди Корхонаи насоҷии тоҷик аз дохили автомашинаи барқии кироякаш тамғаи «Neta U» як адад телефони мобилии тамғаи «Samsung S23+»-ро, ки ба шаҳрванд Эшонзода Д.М., тааллуқ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 9 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.
















