Дастгир шудани гумонбар дар содир намудани қаллобӣ
Аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Абдураҳмонов Н.А., соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда моҳи майи соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии ду нафар сокинони шаҳри Бохтар даромада, аз онҳо 47 ҳазор доллари ИМА ва 30 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Халқии Чин 500 адад кондитсионер ворид намуда, фоидаро байни шарикон тақсим мекунад, вале маблағро барои манфиати шахсии худ сарф кардааст.
Ҳамзамон, ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи шаҳрванд Саидов Б.Р., ворид гардид, ки моҳи марти соли 2026 шаҳрванд Сапиев К.О., сокини шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки як автомашинаи тамғаи «Lexus 300»-ро аз хориҷи кишвар ворид намуда, ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Аммо то ҳол ваъдаи худро иҷро накарда, маблағро ба манфиати шахсии худ истифода бурдааст.
Вобаста ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.
















