Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилӣ аз фаъолияти ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии ВКД дидан намуд

30 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал овард.
Роҳбари аввали ВКД бо шароити корӣ, рафти фаъолияти сохторҳои дахлдор ва имкониятҳои мавҷуда шинос гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Нахуст, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз бунгоҳи тибии ВКД ва «Кошонаи ҳусн», ки барои кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият мекунад, дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ, муҳайё намудани имкониятҳои зарурӣ ва баланд бардоштани сифати фаъолият дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин, Вазири корҳои дохилӣ аз фаъолияти Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД шинос гардида, ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, гузариш ба низоми электронӣ ва рақамикунонии равандҳои корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки истифодаи васеи имкониятҳои рақамӣ ва такмили низоми иттилоотӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохтор муҳим мебошад.
Дар идомаи боздид Рамазон Раҳимзода бо кормандони ШАОИ ВКД суҳбат намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи коргузорӣ пешбурди босамари фаъолият ва бо масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

30.07.2026 17:00
130