Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ 

Санаи 30-юми июли соли 2026 ба муносибати Рӯзи  таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозим, роҳбарияти Сарраёсат, ҳайати кормандон, собиқадорони соҳа ва меҳмонон чорабинии идона доир гардид.
Муовини Вазир ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, изҳор дошт, ки кормандони ин ниҳод дар давраҳои гуногуни таърихӣ, бахусус, дар давраи муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазнинтарин ҳодисаҳои сӯхтор дар иншооти мухталифи хоҷагии халқ ва манзилу маҳаллаҳои аҳолинишин рух медоданд, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, ҳама вақт ба давлату миллат ва Савганди худ содиқ буданд.
Дар идомаи чорабинӣ якқатор кормандон барои фаъолияти назаррас бо медалу ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

30.07.2026 16:53
61