Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУ ҲОЛАТИ ДУЗДӢ ОШКОР ГАРДИД

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Абдурасулов А.А., соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Ғафуровро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Номбурда 23 июли соли 2026, тахминан соати 19:00, ба манзили истиқоматии Мелиев Ҷ., соли таваллудаш 1998, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров ворид шуда, аз дохили ҷувздони соҳибхона 115 ҳазор рубли русиро пинҳонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати Абдурасулов А.А., бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст..
Ҳамзамон, 28 июли соли 2026 ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи Зардова Д., соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант ворид гардид. Дар ариза зикр шудааст, ки 25 июли соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии ӯ ворид шуда, як адад ҳалқаи тиллоиро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро Ҷалилзода Ф.М., соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Вахш, ҷамоати деҳоти Зарнисор содир намудааст.
Аз рӯи ҳар ду ҳолати дуздӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.

29.07.2026 11:48
31