Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ ВАЗНИН БА САЛОМАТӢ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд В.С., соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвонро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Муайян карда шуд, ки гумонбар 27 июли соли 2026 дар манзили истиқоматиаш духтарандараш, ноболиғи 4-соларо мавриди латукӯб қарор дода, ба ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
28 июли соли 2026, бинобар вазнин гардидани вазъи саломатии кӯдак, ҳангоми ба беморхона интиқол додан, ноболиғ дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

29.07.2026 11:42
57