Вазири корҳои дохилӣ аз ҷараёни омодагӣ ба паради ҳарбӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боздид намуд
25 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ боздид намуда, аз ҷараёни омодагии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба паради ҳарбӣ, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, дидан кард. Дар чорабинӣ сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ рушду такомул ёфта, барои баланд бардоштани иқтидори моддию техникӣ, беҳтар намудани шароити хизмат ва омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд.
Сипас, машқи омодагӣ ба паради ҳарбӣ баргузор гардид. Вазири корҳои дохилӣ аз рафти иҷрои машқҳо дидан намуда, сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ, ҳамоҳангии сафороӣ ва интизоми хизматиро мавриди арзёбӣ қарор дод.
Ҳамчунин зимни суҳбати озод бо кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар паради ҳарбӣ иштирок менамоянд, кормандони Раёсати воҳидҳои махсуси милитсия, инчунин афсарону сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Вазири корҳои дохилӣ онҳоро ба омодабошии ҷиддӣ, риояи интизоми хизматӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва бо масъулияти баланд иштирок намудан дар паради ҳарбӣ ҳидоят намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз намоиши силоҳу техника ва таҷҳизоти махсуси дар ихтиёри мақомоти корҳои дохилӣ қарордошта дидан намуд.
Зимни боздид ба ҳолати омодабошии силоҳу таҷҳизот, тарзи нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба масъулин ҷиҳати нигоҳдории дуруст, истифодаи оқилона ва таъмини омодагии доимии воситаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


























