Ҷаласаи сайёри Вазорати корҳои дохилӣ дар ШВКД 1-и ноҳияи Рӯдакӣ
24 июли соли 2026 дар ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи сайёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони раёсатҳо, роҳбарони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон, омӯзиши қонунгузорӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, омӯзиши забонҳо, беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва сари вақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, ба фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ва бахшҳои шиносномадиҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки муносибат бо шаҳрвандон бояд дар сатҳи баланд, бо эҳтиром ва риояи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ислоҳоти милитсия, аз ҷумла фаъолияти нуқтаҳои сайёри милитсия ҷиҳати қабули арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом Вазири корҳои дохилӣ ба роҳбарон ва ҳайати шахсӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти хизматӣ, риояи интизоми касбӣ ва таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.






















