Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихудкунӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Солиҳов Т.А., соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Нораки вилояти Хатлонро бо гумони содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ дастгир намуданд.
Муайян карда шуд, ки номбурда аз 2 январи соли 2025 то моҳи марти соли 2026 дар ҶДММ «Гавҳари Шарқ» ба ҳайси ронанда-молрасони бренди «Марс» фаъолият намуда, ҳамарӯза тавассути борхат маҳсулоти қаннодиро барои ба нуқтаҳои савдои шаҳри Ваҳдат дастрас намудан қабул мекард.
Тафтишот муайян намудааст, ки Солиҳов Т.А., маҳсулоти ба ӯ боваркардашударо ба маблағи умумии 306 ҳазору 616 сомонӣ аз они худ карда, маблағи бадастовардаро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Вобаста ба шахсияти номбурда қайд кардан зарур аст, ки ӯ қаблан бо қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.

24.07.2026 9:37
46