Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани силсиладуздии чорво

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ сокинони ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ — Имомқулов Сунатулло, соли таваллудаш 2004, Ашурболтаев Фахриддин, соли таваллудаш 1997, инчунин ду ноболиғро бо гумони содир намудани силсиладуздии чорвои майда дастгир намуданд.
Зимни тафтиш муайян гардид, ки гумонбарон дар маҷмуъ ба содир намудани 5 ҳолати дуздӣ даст дошта, аз чарогоҳҳои кӯҳии деҳаи Чашмаи ноҳияи Панҷ дар умум 25 сар чорвои майдаро дуздидаанд. Зарари умумии расонидашуда 49 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳолат тафтишот ба роҳ монда шудааст.

22.07.2026 14:07
30