Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба натиҷаҳои  фаъолияти хизматӣ дар шаш моҳи соли 2026 

21 июли соли 2026 дар толори маҷлисии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Дар оғози нишаст Вазири корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои пайваста ва саҳми арзанда дар инъикоси фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаш моҳи соли 2026 ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бунёду навсозии иншооти хизматӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият тадбирҳои назаррас амалӣ гардиданд.
Дар идомаи нишаст Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ва натиҷаҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи соли 2026 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирию баҳисобгирӣ дар ҷумҳурӣ 11 ҳазору 731 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (13 ҳазору 89 ҷиноят) коҳиш ёфта, сатҳи кушодашавии онҳо 71 фоизро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 292 адад силоҳи оташфишон мусодира гардида, зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 963 килограмм воситаҳои нашъадор аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Дар нишаст инчунин оид ба ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, ошкор ва дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими қонуният маълумот пешниҳод гардид.
Қайд карда шуд, ки дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби ноболиғон 405 ва аз ҷониби ҷавонон 1659 ҷиноят содир шудааст. Бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7842 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.
Ҳамзамон, вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 606 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зикр гардид, ки бар асари 531 садамаи нақлиётӣ 287 нафар ба ҳалокат расида, 508 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Инчунин, дар ҷумҳурӣ 513 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 16 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳаҷми зарари расонидашуда аз ҳодисаҳои сӯхтор 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар қисмати саволу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, кофтуков ва истирдоди ҷинояткорон, вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳодисаҳои сӯхтор, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қаллобӣ, киберҷиноятҳо, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, инчунин ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ саволҳо пешниҳод намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ ба ҳамаи саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас ва асоснок дода, таъкид намуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ баҳри муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияти ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамоянд.
Дар фарҷоми нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкориҳои созанда бо ҷомеаи рӯзноманигорӣ изҳори қаноатмандӣ намудаанд.

21.07.2026 12:36
166