Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт
Дар доираи сафари корӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, муовинони ӯ, сардорони шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш, инчунин ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии мақомоти корҳои дохилии минтақа иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ кормандонро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва истиқлолу амнияти давлатӣ таҳким ёфта, барои рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам гардидааст.
Вазири корҳои дохилӣ аз ҳайати шахсӣ даъват ба амал овард, ки дар арафа ва рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд, ҳушёрии сиёсӣ ва омодагии касбии ҳамаҷониба фаъолияти хизматии худро ба роҳ монда, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба роҳбарону ҳайати шахсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Савганди корманди милитсия ва масъулиятшиносӣ вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро намуда, дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошад.

















