Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони дастаи махсуси «Алфа» дар минтақа ва ноҳияи Рашт
18 июли соли 2026, дар доираи сафари корӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо кормандони дастаи махсуси «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақа вохӯрӣ анҷом дод.
Вазири корҳои дохилӣ кормандони ин ниҳодро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории байни ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар минтақа, баланд бардоштани омодагии касбӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, инчунин таъмини амнияту суботи ҷомеа дастурҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи сохторҳои қудратӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон аҳаммияти муҳим дорад.
















