Ду садамаи нақлиётии марговар
16 июли соли 2026 тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Почоев Қаҳорҷон Мирсабурович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар километри 217-ум, ҳудуди шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархаи барқиро, ки таҳти идораи Ҷӯраев Наврӯз Улмасович, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Истаравшан қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи дучархаи барқӣ Ҷӯраев Наврӯз Улмасович ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, ҳамон рӯз тахминан соати 22:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аванта» Иброҳимов Ифтихор Ихтиёрович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Хуҷанд», дар ҳудуди деҳаи Нуруфшони ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст ва ба қисми пеши автомашина дучархаи барқии таҳти идораи Эркабоев Собир Болтабоевич, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Конибодом қарордоштаро пахш намудааст. Ронандаи дучархаи барқӣ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ҳолатҳои мазкур санҷиш идома дошта, сабабу омилҳои рух додани садамаҳои нақлиётӣ муайян карда мешаванд.
















