Таҳдиди куштан
17 июли соли 2026 дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан шаҳрванд Сатторқулов А.А., соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Деваштич, бо гумони содир намудани ҷинояти таҳдиди куштан дастгир карда шуд.
Номбурда 7 июли соли 2026, тахминан соати 16:00, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш дар кӯчаи Истиқлолияти Тоҷикистони шаҳри Истаравшан, бо бародари ҳамсараш Худойбердиев Ш.С., соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истаравшан муноқиша намуда, бо корди бо худ овардааш ӯро таҳдиди куштан кардааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба Сатторқулов А.А. бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
















