Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои тамбашавии роҳҳо, аз ҳисоби сохторҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст

Вобаста ба ин, имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин  баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ (таксӣ), таҳкими бехатарии ҳаракати роҳ, ҳамоҳангии сохторҳои масъул ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати бартараф намудани тамбашавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

17.07.2026 18:00
35