Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар

15 июли соли 2026, тахминан соати 22:20 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Эмомалиев Ҳасан Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1973, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Фархор қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба мототсикли тамғаи «FARARI», ки таҳти идораи Алимов Анвариддин Файзиддинович, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Фирӯзи ҷамоати деҳоти Истиқлол қарор дошт, бархӯрдааст. Бар асари садама мототсиклрон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, 15 июли соли 2026, тахминан соати 21:20 ронандаи автомашинаи тамғаи «Тиягач» Мирзоев Зокирҷон Маҳмадражабович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Айнӣ–Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Марғидари ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳакимов Аҳматхӯҷа Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳар ду садама таҳқиқот идома дорад.

17.07.2026 9:02
38