Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара як ҳолати ҷинояти қаллобиро ошкор намуданд.
Муайян карда шуд, ки сокини шаҳри Конибодом А.Ф., соли таваллудаш 1980, моҳи марти соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Исфара П.З., даромада, бо баҳонаи тавассути шиносҳояш аз қайди гумруки Ҷумҳурии Украина гузаронидани меваи хушк, дар ду марҳила аз ҷабрдида 350 ҳазор доллари ИМА гирифта, маблағро ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардааст. Аз ин маблағ 128 ҳазору 500 доллари ИМА-ро баргардонида, 221 ҳазору 500 доллари ИМА-ро то ҳол барнагардонидааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

17.07.2026 9:00
36