Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҳолати дуздии телефони мобилӣ ошкор гардид

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ду ҳолати дуздии телефонҳои мобилиро, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Турсунзода ба қайд гирифта шудаанд, ошкор намуданд.
Сокини ноҳияи Кӯшониён Муродов А., ба мақомоти милитсия муроҷиат намуд, ки 7 июли соли 2026, тахминан соати 18:20, шахси номаълум аз ошхонаи «Гули Сурх», воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар, як адад телефони мобилии тамғаи «Infinix Note 40 Pro»-ро, ки арзишаш 3422 сомониро ташкил медиҳад, пинҳонӣ тасарруф кардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Мадуллоев А.К., соли таваллудаш 2005, содир намудааст.
Ҳамчунин, 16 июли соли 2026 сокини шаҳри Турсунзода Ирматов И., ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки 15 июл, тахминан соати 10:00, шахси номаълум аз дукони тиҷоратиаш, воқеъ дар кӯчаи П. Тоҷиеви шаҳри мазкур як адад телефони мобилии тамғаи «Redmi 13», арзишаш 3500 сомонӣ ва ду адад бозичаи кӯдакона бо арзиши 430 ва 280 сомониро пинҳонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро сокини шаҳри Турсунзода Келдибоев А.Т, соли таваллудаш 1976 содир намудааст.
Вобаста ба ҳар ду ҳолат тафтишот идома дорад.

17.07.2026 8:57
22