Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осоишгоҳи Зумрад -  осоиши дилҳо

Ватани маҳбуби мо Тоҷикистон бо табиати нотакрор, сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс, имкониятҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳҳои муосири табобативу солимгардонӣ дар минтақа мавқеъи намоён дорад. Иқлими мусоид, ҳавои тоза, обҳои шифобахш ва дар чунин маконҳои мувофиқ бунёд гардидани инфросохторҳои гуногуни табобатӣ дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. “Осоишгоҳи Зумрад” аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳуриамон мебошад, ки дар соҳили дарёи Исфара дар масоҳати 20 га ҷойгир буда, бо иқлими мусоиди руҳнавозу тароватбахш ва имкониятҳои табобатӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат машҳур аст.
Коршиносон мавзеи «Зумрад»-ро ба осорхонаи табиӣ шабоҳат медиҳанд. Табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шарбатрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст, ки “Осоишгоҳи Зумрад” маҳз аз чунин неъматҳои табиӣ бархурдор аст.
Агар ба таърихи таъсиси осоишгоҳ назар андозем огоҳ хоҳем шуд, ки дар ҷои кунунии «Зумрад» соли 1972 барои кормандони соҳаи кишоварзӣ хонаи истироҳат бо 150 кат сохта шуда буд. Номаш аз номи мавзейи ҷойгиршавиаш гирифта шудааст. Соли 1976 онро ба осоишгоҳ табдил доданд ва имкониятҳои хизматрасонии он васеъ карда шуда барои 260 нафар дар як баст хизматрасонӣ менамуд. Соли 1983 баъди ба истифода додани бинои № 1 адади ниёзмандони солимгардонӣ ба 380 ва бинои № 4 (соли 1987) ба 500 нафар дар як баст расид. “Осоишгоҳи Зумрад” марҳила ба марҳила навсозию таҷдид карда шуда на танҳо дар ҷумҳурӣ балки берун аз он низ шуҳратёр гардид. Ин дастовард натиҷаи сифати хизматрасонии коллективи меҳнатии осоишгоҳ мебошад, ки бо роҳбарии табиби ҳозиқ асосгузор ва нахустин сарвари  осоишгоҳ Мирзо Олимов марбут аст. Тули фаъолият осоишгоҳ муарифгари на танҳо шаҳри Исфара балки тамоми Тоҷикистон ва маҳбубияташ  бештар гардид.
Осоишгоҳ соли 2015 ба ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» табдил дода шуда, худи ҳамон сол «Зумрад» барои сифати олии хидматрасонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии тилоии «Quality Summit» (Авҷи сифат) мушарраф гардидааст.
Имрӯзҳо “Осоишгоҳи Зумрад” - ба яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ мубаддал гардида, ҳазорон нафар бо фаро гирифтани марҳилаҳои табобативу солимгардонӣ саломатии худро барқарор ва бардаму  солим мегарданд. «Зумрад» дорои 3 бинои иқомат, 2 котеҷ, 3 бинои табобат барои 250 нафар дар як соат, қасри «Шифокорон» (дорои 300 ҷой), китобхона, чойхонаи «Сино», Осорхонаи тибби тоҷик ба номи бунёдгузори «Зумрад» ва аввалин сарвари он Мирзо Олимов, ошхона бо 500 ҷои нишаст, қасри фарҳанг, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимиёӣ, шуъбаҳои ташхис, дандонпизишкӣ ва ғайра мебошад. 
Қобили қайд аст, ки айни ҳол сохтмони биноҳои иловагии иқоматӣ, ҳавзи шиноварӣ ҷараён дошта инфросохтори солимгардонии осоишгоҳ азнавсози шуда истодааст, ки барои ҷалби истироҳаткунандагон мусоидат хоҳад кард. 
Дар “Осоишгоҳи Зумрад” бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, камхунии дил, тромбофлебит ва ғ.), узвҳои такя ва ҳаракат (тарбод, остеохондроз, остеоартроз, остит, бурсит ва ғ.), касалиҳои занона (илтиҳоби бачадон, бенаслӣ, эндометрит, аднексит, колпит ва ғ.), илтиҳоб ва захми меъда, амрози ҷигар, талхадон, гурда ва роҳҳои пешоб ва ғайра дармон карда мешаванд. Муолиҷа бештар бо истифода аз оби минералӣ (обшифоӣ), варзиш, парҳез, лойқаи шифобахш, лойқабарқ, озокерит (муми кӯҳӣ), нафталан, барқшифоӣ, магнитшифоӣ, масҳшифоӣ, сӯзандармонӣ сурат мегирад. Дар маркази варзиши шифоии «Зумрад» 37 намуд дастгоҳҳои муолиҷавӣ, тенниси рӯи миз, биллиард, майдончаи волейболу бадминтон мавҷуданд. 
Яке аз усулҳои табобатӣ дар “Осоишгоҳи Зумрад” табобат бо оби гуғидор мебошад. Оби гуғидор, аз мавзейи Исфара оварда шуда дар осоишгоҳ истифода бурда мешавад. Ин намуд об баҳри табобати беморирҳои асаб, бемориҳои мардона, занона бемориҳои рагу дилҳо муфид аст. Ҳамчунин оби маъданноки гирдросулфиди дар осоишгоҳ барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб узвҳои ҳозимаву ҳаракат пуст ва ғайраҳо бо муваффақият истифода мешавад. 
Намуди табобатҳо бо усули кашидани сутунмуҳра барои бартарафсозии нуқси сутунмуҳра, гармдармони ва ғайра ба кор бурда мешавад. 
Дар фитоозмоишгоҳи осоишгоҳ бошад  дамобаю, ҷушоба, малҳам, қиёма, шарбат ва доруҳои гуногун аз гулу гиёҳҳои табии тайёр карда мешаванд, ки бешатаршон аз ҳудуди шаҳри  Исфара ҷамъовари шудаанд.
Ҳайати кормандони ботаҷриба бо хизматрасонии босифат мавқеъи “Осоишгоҳи Зумрад”-ро дар байни дигар осоишгоҳҳои Тоҷикистон баландтар кардааст. Дар осоишгоҳи мазкур намудҳои зиёди хизматарсонии маданиву маишӣ пешбини шудааст, ки қобили қабули истироҳатгирандагон мебошад.
Дар осоишгоҳ барои истироҳати дуруст шароитҳои зарурӣ мухайё карда шудаанд. Дар баробари табобатҳои анъанавии хоси осоишгоҳӣ ҳамчунин имрӯзҳо муассисаи табобатии осоишгоҳ бо таҷҳизотҳои пешрафтаи замонавӣ таъмин аст, ки сифати солимгардониро беҳтар месозад.
Ҷанбаи дигари ба авҷи сифати хизматрасонӣ таъсиргузор ин мавзейи ҷойгиршавии осоишгоҳ мебошад. Иқлими ин минтақа ба зуд барқарор гардидани организм мусоидат мекунад. Тавре ишора намудем ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо зебоӣ мебахшанд. Дарёчаи шӯхи Исфара, ҳавзу ҷӯйборҳои ҳудуди осоишгоҳ ҳаворо аз озон бой намуда ба мардум таровати махсусе ҳадя менамоянд. Гашту гузор ва хониши паррандагон ба ҳар як истироҳаткунанда оромишу фараҳ мебахшад. 
Дарҳои осоишгоҳи “Зумрад” тамоми фасли сол барои истироҳаткунандагон боз аст. Аммо ҷараёни асосӣ, ки сафи истироҳаткунандагон зиёд ба назар мерасад аз моҳи май  то моҳи ноябр мебошад. Дар ҳудуди осоишгоҳ  бисьёр одамонеро дучор шудан мумкин аст, ки мунтазам барои баркарор намудани саломатии худ ба ин ҷо меоянд. Ин пеш аз ҳама нишонаи эътимод ба хизматрасонии осоишгоҳ мебошад.
Мувофиқи нақшаи муайянгардида, ҳар як истироҳатгиранда, баъд аз ҷо ба ҷо шудан дар ҳуҷрааш ба назди табиб меравад ва барои чигуна табобатҳоро гирифтанаш машварат мекунад. Ба ҳар як истироҳаткунанда як духтури дараҷаи олӣ вобаста карда шудааст, ки дар барқарорсозии саломатӣ роҳнамои мекунад. Албатта чунин муносибати инфиродӣ бо истироҳаткунанда низ омили пешрафт дар ин муассисаи табобатӣ мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи саломатии аҳолӣ дар мадди аввали низоми давлатдорӣ қарор дода шудааст, ки эҳтироми давлат ба ҳаёту саломатии инсонро тасдиқ мекунад. Сарвари давлат якчанд маротиба ба “ Осоишгоҳи  Зумрад” ташриф оварда ба шароити хизматрасонӣ, муолиҷаву табобат дар осоишгоҳ шинос шудаанд. Маҳз бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат такони ҷиддие ба марҳилаи рушд дар “Осоишгоҳи Зумрад” гузошта шудак бо истифода аз таҷрибаи мавҷуда сатҳу сифати хизматрасонӣ рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. 
Хулоса дар ҳама фасли сол осоишгоҳи Зумрад ба шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ хизмат расонида осоиши дили мардумро таъмин менамояд.
Абдуллозода Исо Абдулло,
сардори Шуъбаи 2 ВКД 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, 
подполковники милитсия.
16.07.2026 16:13
24