Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳолати қаллобӣ ошкор карда шуд.
Муайян гардид, ки шаҳрванд Темиров Б.М., соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 13 июни соли 2026 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Хоҷабеков Л., соли таваллудаш 1976 сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 31 сар чорвои майдаи шохдорро ба тариқи насия гирифтааст. Арзиши чорвои гирифташуда 65 ҳазору 900 сомониро ташкил дода, маблағи он то имрӯз пардохт нашудааст.
Ҳамчунин, номбурда бо ҳамин тарз ба боварии шаҳрванд Азимов Д., соли таваллудаш 1989, сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 46 сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 117 ҳазор сомонӣ ба тариқи насия гирифта, маблағи онро низ то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати Темиров Б.М., бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

16.07.2026 9:32
33