Дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ду ҳолати содир гардидани ҷинояти дуздӣ ошкор ва гумонбарон муайян ва дастгир гардиданд.
Шаҳрванд Абдураҳими К., соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда 7 феврали соли 2026 ҳангоми қарор доштан дар мағозаи «Тоҷ-фон», воқеъ дар маркази савдои «Айшн-экспресс»-и ноҳияи Сино, бо роҳи пинҳонӣ 2 адад телефони мобилии тамғаи «iPhone»-ро, ки ба шаҳрванд А.С., тааллуқ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 14300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, 15 июли соли 2026 ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар аризаи шаҳрванд С.Д., соли таваллудаш 1997, ворид гардид, ки 14 июли соли 2026, тахминан соати 06:30, шахси номаълум ҳангоми дар кӯчаи А. Ҷаъфар қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ телефони мобилии тамғаи «Samsung S22»-ро, ки арзишаш 2600 сомонӣ мебошад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ҷамшед Сафаров, соли таваллудаш 1983, сокини кӯчаи Ваҳдат, ки пеш 7 маротиба суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳар ду ҳолат тафтишот идома дорад.















