Боздошти марди 39-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза Сафаралиев Д.И., соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Сино, муроҷиат намуд, ки 13-уми июли соли 2026, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур, дар назди ошхонаи «Бахт» қарор доштанаш, шахси ношинос ӯро бе ягон асос мавриди латукӯб қарор дода, бо роҳи ошкоро як адад телефони мобилии тамғаи «iPhone» арзишаш 1 ҳазору 250 сомонӣ ва 170 сомонӣ маблағи нақдашро тасарруф намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ҷаборов Муҳидин, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат содир намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

















