Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи нақлиётии марговар 

12 июли соли 2026, тахминан соати 20:05, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Туси ноҳияи Шаҳритус садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Даймлер Бенс-180» Акбаралӣ Муротов, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати шаҳраки Тус, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи ба номи Ю. Зубайдуллоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, зимни гардиш ба самти рости роҳ ноболиғ Нурмуҳаммад Туйчиев, соли таваллудаш 2015, сокини кӯчаи Ваҳдати ҳамин ҷамоатро, ки дар канори рости роҳ қарор дошт, пахш кардааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

14.07.2026 10:02
34