Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

Шаҳрванд Умаров Насимҷон соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Ҳ. Файзуллоеви ноҳияи Қубодиён, бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи декабри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии Нуриддинов Ҷ., сокини ҷамоати деҳоти Вобканд, даромада, аз ӯ 61 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои замини ду хонаи истиқоматиро омода мекунад. Аммо то имрӯз ягон амалро анҷом надода, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Ҳамчунин муайян гардид, ки Умаров Насимҷон моҳи декабри соли 2025 бо ҳамин роҳ аз Муродова З., сокини ҷамоати деҳоти Т. Сангин, 60 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои қитъаи замини хонаи истиқоматиро дар масоҳати 0,24 гектар омода менамояд. 
Илова бар ин, моҳи апрели соли 2025 гумонбар аз Шодиева Г., сокини ҷамоати деҳоти Вобканд, бо ҳамин тарз 60 ҳазор сомонӣ гирифта, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 0,08 гектар ваъда додааст ва маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Умаров Н. бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

14.07.2026 9:59
29