Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза Файзуллоева Ҳ., соли таваллудаш 1975, сокини маҳаллаи Фалакон, муроҷиат намуд, ки шаби 2 июли соли 2026, тахминан соати 03:30, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш ворид шуда, аз он ҷо як адад телефони мобилии тамғаи «Редми-14», ки арзишаш 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Розиқов Мурод, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рашт, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза Маҳмудов Ш.Т., соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки 7 июли соли 2026 келини хонадон, соли таваллудаш 1996, аз набудани ӯ истифода бурда, аз ҳуҷраи истиқоматиаш 10 ҳазор сомониро дуздидааст.
Вобаста ба ҳар ду ҳолат тафтишот идома дорад.

14.07.2026 9:57
23