Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Тураев И.С., соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбар 10 июли соли 2026, тахминан соати 13:00, дар кӯчаи Соҳилӣ, назди хонаи №63, бо Калонов Д.З., соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Сино, муноқиша намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа Калонов Д.З., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафтишот дар ин самт идома дорад.

14.07.2026 9:52
34