Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани азонихудкунии маблағ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан ҳолати азонихудкунии маблағи махсусан калон ошкор карда шуд.
Муайян гардид, ки шаҳрванд Бойназаров С.Ҳ., соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Истаравшан, дар ҶДММ «Юникор» ба ҳайси тақсимотчӣ ва ҳамзамон хазинадор дар бозори марказии шаҳри Истаравшан ба фурӯш ва тақсимоти маҳсулоти гигиении ҷамъият машғул будааст.
Номбурда зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои хизматии худ, аз моҳи январ то охири моҳи апрели соли 2026 маблағҳои аз фурӯши маҳсулоти гигиенӣ ҷамъоваришударо бо мақсади тасарруф ва азонихудкунӣ ба манфиати шахсии худ истифода бурдааст.
Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунӣ ба ҶДММ «Юникор» ба маблағи 194 ҳазору 276 сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Вобаста ба ин нисбати Бойназаров С.Ҳ., бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

13.07.2026 14:47
27