Бар асари садамаи нақлиётӣ ду нафар ба ҳалокат расиданд
11-уми июли соли 2026, тахминан соати 16:30, дар шоҳроҳи «Душанбе–Хуҷанд–Чанноқ», дар ҳудуди деҳаи Сурхи ҷамоати деҳоти Қалъаи Калони шаҳри Истаравшан садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» шаҳрванд Шамсиев Умедҷон Сайфиддинович, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Хундай-Портер», ки таҳти идораи шаҳрванд Зубайдуллои Кароматулло, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи Калон қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Шамсиев Умедҷон Сайфиддинович ва мусофири хурдсол — Аббосзода Сабрина, соли таваллудаш 2019, сокини ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.














