Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Маҳмадиев Тоҷиддин, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст боз бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 6 июли соли 2026, тахминан соати 13:50, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ як адад телефони мобилии тамғаи «iPhone 13 Pro»-ро, ки ба шаҳрванд Ҳалимов Ҷ.Ҳ., сокини шаҳри Истаравшан тааллуқ дорад, тасарруф намудааст. Дар натиҷаи ин кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида ба маблағи 6 ҳазору 500 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Аз рӯи ҳолати мазкур тафтиши пешакӣ идома дорад.

13.07.2026 14:45
19