Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду нафар бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ду нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
Шаҳрвандон Олимзода Меҳрубони Холиқбердӣ, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки қаблан соли 2022 бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва Паздерин Максим Николаевич, соли таваллудаш 2002, сокини ҳамин ноҳия, ки ӯ низ қаблан соли 2019 бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 9 июли соли 2026, тахминан соати 16:00, бо мақсади содир намудани ҷинояти роҳзанӣ, бо пӯшидани ниқоб ва дастпӯшак, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии як сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ гардида, бо истифода аз зӯроварӣ соҳибхоназанро латукӯб намуда, ба замин афтонида, дасту пойи ӯро бо лентаи часпанда (скоч) бастаанд.
Ҳамчунин, гумонбарон дасту пойи ду фарзанди ноболиғи соҳибхонаро низ, ки 8 ва 6-сола мебошанд, бо лентаи часпанда баста, аз манзили истиқоматии онҳо 240 ҳазор сомониро тасарруф намудаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти гумонбарон муайян гардида, онҳо дастгир карда шуданд.
Вобаста ба ин ҳодиса нисбати гумонбарон бо моддаи 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

13.07.2026 14:42
54