Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо зиёиён ва фаъолони ҷомеа дар шаҳри Кӯлоб

Нимаи дуюми рӯзи 11 июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Кӯлоб бо зиёиён, фаъолони ҷомеа ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар оғози вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аҳамияти ин санаи муҳимро дар таърихи навини кишвар таъкид кард.
Зимни суханронӣ вобаста ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат, пойдории давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки хизматҳои роҳбарияти олии мамлакат дар барқарор намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити созандагӣ барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти муҳими таърихӣ дорад.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ доир ба дастовардҳои даврони истиқлол, корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маълумот пешниҳод гардид.
Таъкид гардид, ки бо шарофати сулҳу субот ва сиёсати созандаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои амн дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, барои зиндагии осоишта ва фаъолияти созандаи шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Вохӯрӣ дар фазои эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, иштирокчиён оид ба масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаҳои худро баён намуданд.

11.07.2026 16:44
130