Баргузории ҷаласаи сайёр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар минтақаи Кӯлоб
11 июли соли 2026 дар толори маҷлисии қароргоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи сайёр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳо, хадамот ва ҷузъу томҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ, сардори Академияи ВКД, роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, сардори Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, инчунин роҳбарони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026, вазъи ҷинояткорӣ, таҳкими қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ суханронӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 баромад намуда, фаъолияти воҳидҳои оперативӣ ва хизматии вазоратро таҳлил карда, ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо, таҳкими интизоми хизматӣ ва самаранокии фаъолияти воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб доир ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии вилоят дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД вобаста ба самтҳои фаъолияти хизматӣ, масъалаҳои омодасозии кадрӣ, такмили малакаи касбӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва баланд бардоштани сифати фаъолияти воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ баромад намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои хизматӣ пешниҳодҳои мушаххас иброз доштанд.
Дар ҷараёни ҷаласа фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз рӯи ҳар як самти фаъолият натиҷагирӣ карда шуд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ, тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таҳкими интизоми хизматӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ба роҳбарону масъулини сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.




















