Садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Норак
10 июли соли 2026, тахминан соати 16:10, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Хундай-Портер» рақами қайди давлатиаш 43 87 VV 03 Маҳмадсафари Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ҳангоми ба ақиб ҳаракат кардан аз саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш ба роҳи мошингард, хурдсол Қурбонализода Умар Музаффар, соли таваллудаш 2024, сокини маҳаллаи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ин садама таҳқиқот идома дорад.















