Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ  мулоқот анҷом дод

10-уми июли соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, ки ҳамзамон аъзоёни ҳамватанони бурунмарзии шурои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд, мулоқот намуд.
Дар оғоз таъкид карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизамон дар роҳи ободонӣ ва рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва имрӯз Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дошта, дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд. 
Дар вохӯрӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби онҳо ба чорабиниҳо, ки бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор мешавад ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар фазои озоду самимӣ доир ба масъалаҳои мубрами муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, таҳкими робита байни мақомоти давлатӣ ва диаспораҳои тоҷикон, инчунин роҳҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва саҳмгузорӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеа ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар изҳори боварӣ карда шуд.

10.07.2026 19:29
74