ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила аст. Он тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, назорати волидайн ва маҳдуд намудани таблиғоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.
Яке аз мушкилотҳои ҷаҳони имрȳза ин мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ба шумор меравад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, барои решакан намудани ин афрод дар мубориза ҳастанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид кардаанд: “Экстремизм ва терроризм ватан, миллат, забон, дин ва мазҳаб надорад”.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони муосир ба чунин зуҳуроти номатлуб бештар ҷавонон гаравиш доранд. Ҳол он ки “ҷавонон ояндаи миллат ва давлат” ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони соҳибистеъдод ва хушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модар, дарди ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт. Мо имрӯзҳо шоҳиди он гардида истодаем, ки бархе аз ҷавонони гумроҳи мо низ, ки аз таъриху фарҳангӣ худ хуб огоҳ нестанд ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои иттилоотию таблиғотӣ ба доми ин гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ афтода, даст ба ҷиноятҳои гушношунид мезананд.
Ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ натанҳо бераҳмӣ нисбат ба инсониятро ба вуҷуд оварда истодаанд, балки бераҳмӣ нисбат ба рушди тамаддуни аҳли олам низ таъсири амиқи манфӣ расонида истодаанд. Бо дасти ин гурӯҳҳои тундгаро садҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ифодакунандаи таърихи ҷомеаи ҷаҳонист, вайрон карда шудаанд.
Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки имрӯҳо ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандани нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсу муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазоӣ боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯйи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Дар Тоҷикистон низоми таъмини мубориза бо терроризм ва экстремизм дар мувофиқат бо Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терорризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона”, Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, муваззаф гардонидааст.
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Айни ҳол, Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро оид ба “Мубориза бар зидди терроризм” ташкил ва баргузор намуда, ба ҷаҳониён исбот намуд, ки иродаи кишвари мо, алайҳи мубориза бар зидди терроризм қавӣ мебошад.
Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст. Бояд зикр кард, ки сарвари давлат якчанд бор таъкид намуданд, ки «Баробари таълим масъалаҳои тарбияи наврасону ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидаани онҳо ниҳоят муҳим мебошад».
Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд.
Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард:
– сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ;
– сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ;
– моддӣ;
– идеологӣ;
– хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ
– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
– ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
– коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
– хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ;
– поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
– дар сатҳи паст қарор до-штани фарҳанги иттилоотӣ;
– фаъолияти динимуболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯсти ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».
Хулоса, ҷамъбасти суханҳои болоро дар бар гирифта ба чунин хулоса омадан мумкин, таълиму тарбия, протесси мураккаб ва тӯлонӣ буда, барои амалӣ гардонидани он якчанд омилҳо ва воситаҳо истифода бурда мешаванд.
Ҳамин тавр, масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, яке аз масъалаҳои асоси ва мубрам ба шумор рафта, аз ин рȳ он таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва пеш аз ҳама, ҷавононро лозим аст, ки дар ин масъала эҳтиёткор буда, зиракии сиёсиро аз даст надода аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳои ифротгаро худорӣ намоянд.
Раҳматулло Каримӣ,
сардори шуъбаи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд
полковники милитсия















