Ёдгориҳои бостонӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Айнӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меравад, ки дар ҳудуди он ҳазорҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳифз шуданд ва ин мероси гаронбаҳои ниёгон давраҳои гуногуни таърихро дар бар гирифта, аз ташаккули аввалин тамаддунҳо то замони муосирро инъикос менамоянд. Дар байни минтақаҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангӣ ноҳияи Айнӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ин сарзамин аз қадим яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Суғди бостонӣ буда, дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Парғар, Фалғар ва Бутамон ёд шудааст.
Ноҳияи Айнӣ имрӯз на танҳо бо табиати зебо ва мавзеъҳои нотакрори худ машҳур аст, балки ҳамчун яке аз марказҳои муҳими омӯзиши таърихи тоҷикон низ эътироф гардидааст. Дар ин ноҳия садҳо ёдгориҳои бостонӣ, қалъаҳои мудофиавӣ, қасрҳои ҳокимон, манораҳои асримиёнагӣ, зиёратгоҳҳо ва ёдгориҳои меъмории исломӣ боқӣ мондаанд. Ҳар яке аз ин ёдгориҳо саҳифаҳои муҳими таърихи халқи тоҷикро инъикос намуда, барои омӯзиши масъалаҳои давлатдорӣ, фарҳанг, меъморӣ, иқтисод ва муносибатҳои иҷтимоӣ аҳамияти бузурги илмӣ дорад.
Бостоншиносони тоҷик ва хориҷӣ дар тӯли зиёда аз як аср дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, даҳҳо ёдгории арзишмандро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ҷумла, кашфи ҳуҷҷатҳои машҳури суғдӣ аз Қалъаи Муғ яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини илми бостоншиносии асри XX маҳсуб меёбад. Ин ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам оварданд, ки бисёр паҳлуҳои таърихи Суғд, сохтори идоракунии давлатӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимоии аҳолии асрҳои VII–VIII дақиқтар омӯхта шаванд.
Омӯзиши ёдгориҳои ноҳияи Айнӣ танҳо барои таърихи маҳаллӣ муҳим набуда, он қисми ҷудонашавандаи таърихи тамоми Осиёи Марказӣ мебошад ва мавқеи тоҷиконро ҳамчун ворисони яке аз қадимтарин тамаддунҳои минтақа нишон медиҳад.
Ноҳияи Айнӣ дар қисми ҷанубу шарқии вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз калонтарин ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон мебошад, ки қисми зиёди ноҳияро қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор фаро гирифтаанд. Дар ин ҷо дарёҳои Зарафшон, Фон, Яғноб, Искандардарё ва даҳҳо рӯдҳои хурду бузург ҷорӣ мешаванд.
Ноҳияи Айнӣ ҳамчун воҳиди маъмурӣ 23 ноябри соли 1930 бо номи Варзиманор таъсис ёфт. Солҳои баъдӣ ноҳия номи Заҳматободро гирифт ва аз моҳи январи соли 1955 он ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ноҳияи Айнӣ номгузорӣ гардид.
Дар сарчашмаҳои таърихии асрҳои миёна ноҳияи имрӯзаи Айнӣ бештар бо номи Бутамон ёд мешавад. Дар ибтидои асри VIII Бутамон қисми муҳими давлати Суғд гардида, дар ин давра шоҳи машҳури Суғд Деваштич барои муттаҳид сохтани сарзаминҳои Суғд ва муқовимат ба истилои арабҳо мубориза мебурд.
Ҳуҷҷатҳои суғдии Қалъаи Муғ нишон медиҳанд, ки дар Бутамон намояндаи махсуси Деваштич фаъолият мекард. Ӯ аз номи шоҳ идоракунии корҳои сиёсӣ, ҷамъоварии андоз, ташкили қӯшун ва ҳифзи қалъаҳои минтақаҳоро ба роҳ мемонд.
Ин далел нишон медиҳад, ки ноҳияи имрӯзаи Айнӣ дар сохтори давлати Суғд мақоми махсус дошта, яке аз марказҳои муҳими идоракунӣ ва мудофиаи кишвар ба ҳисоб мерафт ва маҳз дар ҳамин давра қалъаҳои Муғ, Гардани Ҳисор ва Кум ҳамчун қисмҳои асосии низоми мудофиавии Бутамон истифода мешуданд.
Дар байни тамоми ёдгориҳои таърихии ноҳияи Айнӣ Қалъаи Муғ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Ин ёдгорӣ на танҳо дар таърихи Тоҷикистон, балки дар омӯзиши тамаддуни тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим дорад. Қалъа дар соҳили рости дарёи Зарафшон, дар наздикии деҳаи Кум ҷойгир буда, дар болои кӯҳи баланди дастнорас сохта шудааст. Мавқеи ҷуғрофии он имкон медод, ки роҳҳои муҳими байни Панҷакент, Фалғар ва дигар ноҳияҳои кӯҳистони Суғд пурра назорат карда шаванд.
Қалъаи Муғ дар асрҳои VII–VIII яке аз пурқувваттарин қалъаҳои мудофиавии давлати Суғд ба ҳисоб мерафт. Ҷойгиршавии қалъа дар қуллаи кӯҳ, деворҳои мустаҳками сангӣ, роҳҳои тангу печдарпеч ва имконияти мушоҳидаи тамоми водии Зарафшон нишон медиҳанд, ки бинокорони он санъати ҳарбӣ ва муҳандисии замони худро хеле хуб медонистанд.
Қалъа аз якчанд қисм иборат буда, дар он манзилҳои истиқоматӣ, анборҳои нигоҳдории озуқа, ҷойҳои нигоҳдории силоҳ, ҳавзҳои захираи об ва биноҳои маъмурӣ мавҷуд буданд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки қалъа барои мудофиаи тӯлонӣ пешбинӣ гардида буд.
Дар таърихи халқи тоҷик номи Деваштич ҳамчун яке аз охирин ҳокимони мустақили Суғд бо эҳтироми зиёд ёд мешавад. Ӯ солҳои 708–722 мелодӣ бар қисми зиёди Суғд ҳукмронӣ намуда, барои нигоҳ доштани истиқлолияти мамлакат бар зидди истилои арабҳо муборизаи шадид бурдааст.
Дар оғози асри VIII лашкарҳои Хилофати Араб ба сарзаминҳои Мовароуннаҳр пай дар пай ҳамла мекарданд ва пас аз ишғоли қисми зиёди водии Суғд, Деваштич маркази муборизаи худро ба ноҳияҳои кӯҳистонии Бутамон интиқол дод. Интихоби Бутамон тасодуфӣ набуд, зеро кӯҳҳои баланд, дараҳои танг ва қалъаҳои мустаҳкам барои муқовимати тӯлонӣ шароити мусоид фароҳам меоварданд.
Дар соли 722, вақте ки лашкари араб ба Бутамон ҳуҷум намуд, Деваштич бо ҳамроҳонаш ба Қалъаи Муғ паноҳ бурд ва ӯ умед дошт, ки аз ҳамин ҷо муборизаро идома медиҳад. Аммо баъди муҳосираи тӯлонӣ Деваштич асир гирифта шуда, баъдан ба қатл расонида шуд.
Бо вуҷуди шикасти низомӣ, муборизаи ӯ ҳамчун рамзи истиқлолхоҳӣ ва ҳифзи давлатдории миллӣ дар таърихи тоҷикон боқӣ монд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими илми бостоншиносии асри XX маҳз дар Қалъаи Муғ ба амал омад. Соли 1932 ҳангоми корҳои таҳқиқотӣ аз харобаҳои қалъа маҷмӯи нодири ҳуҷҷатҳои суғдӣ пайдо гардид. Ин кашфиёт ҷаҳони илмро ба ҳайрат овард, зеро дар байни бозёфтҳо зиёда аз ҳафтод санад бо забони суғдӣ, инчунин чанд ҳуҷҷат бо забонҳои арабӣ ва чинӣ мавҷуд буданд.
Ҳуҷҷатҳои Муғ паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи суғдиро инъикос намуда, дар байни онҳо фармонҳои давлатӣ, номаҳои дипломатӣ, ҳисоботи молиявӣ, ҳуҷҷатҳои андоз, қарордодҳои хариду фурӯш, санадҳои заминдорӣ, рӯйхати хизматчиёни давлатӣ, мактубҳои шахсӣ, ҳисоботи ҳарбӣ, фармонҳои вобаста ба муҳофизати қалъаҳо мавҷуд буданд. Маҳз тавассути ҳамин ҳуҷҷатҳо олимон тавонистанд сохтори идоракунии давлати Суғдро бо дақиқии бештар муайян намоянд.
Таҳлили ҳуҷҷатҳои суғдӣ нишон медиҳад, ки Қалъаи Муғ танҳо як иншооти ҳарбӣ набуда, он маркази муҳими маъмурӣ ва сиёсӣ низ маҳсуб мешуд. Дар ин ҷо қароргоҳи намояндагони ҳоким, бойгонии давлатӣ, анборҳои давлатӣ ва маркази идоракунии минтақа ҷойгир буданд. Ҳангоми хатари ҷанг тамоми ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ба ҳамин қалъа интиқол дода мешуданд.
Меъмории Қалъаи Муғ сатҳи баланди рушди муҳандисии асрҳои VII–VIII-ро нишон медиҳад. Бинокорон бо истифода аз сангҳои маҳаллӣ, гил ва чӯб деворҳои ғафсу устувор бунёд намудаанд ва қисмҳои гуногуни қалъа бо дарназардошти шароити кӯҳӣ сохта шуда буданд.
Имрӯз Қалъаи Муғ на танҳо ёдгории миллӣ, балки мероси арзишманди тамаддуни ҷаҳон мебошад. Ҳуҷҷатҳои аз ин ҷо ёфтшуда дар марказҳои илмии Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мавриди омӯзиши доимӣ қарор доранд ва онҳо барои навиштани садҳо китоб, мақола ва рисолаҳои илмӣ асос гардидаанд.
Дигар ёдгории нодири таърихии ноҳияи Айнӣ Гардани Ҳисор мебошад, ки ин ёдгорӣ дар наздикии деҳаи Мадм, дар мавзеи кӯҳистонӣ ва дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Гардани Ҳисор аз ҷумлаи ёдгориҳоест, ки мавқеи муҳими сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии минтақаи Бутамонро дар асрҳои VII–VIII мелодӣ нишон медиҳад.
Ин ёдгорӣ дар замоне бунёд гардидааст, ки вилояти Бутамон ҳамчун яке аз қисматҳои муҳими давлати Суғд аҳамияти калон дошт. Ҷойгиршавии он дар баландии кӯҳ ва наздикӣ ба роҳҳои қадимаи корвонгард имконият медод, ки қаср ҳам вазифаи маркази маъмурӣ ва ҳам нуқтаи назоратии ҳарбиро иҷро намояд.
Таҳқиқоти бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки Гардани Ҳисор аз як маҷмааи калони меъморӣ иборат буда, дар он толорҳои қабули меҳмонон, утоқҳои истиқоматии ашрофон, ҷойҳои хизматрасонӣ, анборҳо ва иншооти мудофиавӣ мавҷуд буданд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини Гардани Ҳисор сатҳи баланди санъати меъмории он мебошад, зеро бинокорони он давра бо истифода аз сангҳои маҳаллӣ ва чӯб иншооти мустаҳкам бунёд карда буданд.
Қисмати марказии қасрро толори калон ташкил медод ва деворҳои он бо ороишоти гуногун ва унсурҳои кандакории чӯбӣ зинат дода мешуданд. Бозёфтҳои чӯбии кандакоришуда аз Гардани Ҳисор ба дараҷаи баланди ҳунармандии устоҳои суғдӣ ишора мекунанд.
Қалъаи Кум низ яке аз ёдгориҳои муҳими мудофиавии ноҳияи Айнӣ мебошад ва дар деҳаи Кум ҷойгир буда, дар низоми қалъабандии Бутамони бостонӣ нақши муҳим дошт. Дар баъзе сарчашмаҳо ин қалъа бо номҳои Қалъаи “Муғон” низ ёд мешавад.
Қалъа барои ҳифзи аҳолии маҳаллӣ, нигоҳдории захираҳои озуқаворӣ ва муқовимат ба ҳамлаҳои душман истифода мешуд ва дар замони муборизаҳои Деваштич бар зидди арабҳо ин қалъа аҳамияти махсус дошт, зеро он ҳамчун паноҳгоҳҳои ҳарбӣ ва марказҳои муқовимат хизмат мекард.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ноҳияи Айнӣ дар он аст, ки бисёре аз деҳаҳои имрӯза таърихи зиёда аз ҳазорсола доранд. Аз ҷумла, деҳаи Урметан аз ҷумлаи маҳалҳои қадимаи ноҳияи Айнӣ мебошад ва ин мавзеъ аз замонҳои бостон бо ҳунармандӣ, махсусан кандакории чӯб ва сохтмони хонаҳои анъанавӣ машҳур буд. Сутунҳои чӯбии кандакоришудаи Урметан намунаи идомаи анъанаҳои меъмории суғдӣ мебошанд.
Ёдгориҳои Гардани Ҳисор, Қалъаи Кум ва дигар марказҳои қадимаи ноҳияи Айнӣ нишон медиҳанд, ки ин минтақа дар ташаккули фарҳанги тоҷикон нақши муҳим доштааст. Онҳо шаҳодат медиҳанд, ки гузаштагони мо дар кӯҳистон низ давлатдорӣ, меъморӣ, ҳунармандӣ ва иқтисодиёти пешрафта доштанд.
Пас аз ворид гардидани ислом ба Мовароуннаҳр дар асрҳои VII–VIII, сарзамини болооби Зарафшон, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Айнӣ, марҳилаи нави рушди фарҳангиро аз сар гузаронид. Агар дар давраҳои пеш аз ислом ин минтақа ҳамчун яке аз марказҳои муҳими фарҳанги Суғд шинохта мешуд, дар асрҳои минбаъда он ба яке аз марказҳои муҳими паҳншавии илму маърифат ва меъмории исломӣ табдил ёфт.
Яке аз муҳимтарин ёдгориҳои меъмории ин давра дар ноҳияи Айнӣ Манораи Варз мебошад, ки дар ҳудуди деҳаи Варз ҷойгир буда, ба асри XI мансуб аст. Ин манора аз ҷумлаи қадимтарин манораҳои боқимондаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бунёди он ба даврае рост меояд, ки дар Мовароуннаҳр меъмории исломӣ ба марҳилаи баланди рушд расида буд. Манораи Варз аз хишти пухта сохта шуда, бо маҳорати баланд гузоштани хиштҳо ва таносуби дақиқ аз санъати баланди меъморӣ дарак медиҳад.
Чунин манораҳо дар деҳаҳои Рарз ва Фатмев низ то имрӯз ҳифз шудаанд ва ба асрҳои XI–XII тааллуқ дошта, яке аз намунаҳои барҷастаи рушди меъмории исломӣ дар минтақаи Зарафшон мебошанд.
Устоҳои маҳаллӣ дар сохтмони ин манораҳо аз усулҳои мураккаби меъморӣ истифода бурдаанд ва ҷобаҷогузории хиштҳо чунин тарҳрезӣ шудааст, ки дар рӯи деворҳо нақшҳои геометрӣ ва ороишӣ пайдо мешаванд.
Яке аз мавзеъҳои дигари муҳими таърихии ноҳияи Айнӣ мақбараи Абдулқосим Гургонӣ мебошад, ки ӯ яке аз шахсиятҳои маъруфи тасаввуф ва маърифати исломӣ шинохта шудааст. Ин мақбара ба асри XII тааллуқ дошта, аз сангу хишт бунёд гардидааст. Гарчанде ки дар тӯли садсолаҳо таъсири омилҳои табиӣ ва таърихӣ ба он расидааст, он то имрӯз хусусиятҳои асосии меъмории худро нигоҳ доштааст.
Ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи минтақаҳои нодири Тоҷикистон мебошад, ки дар он ёдгориҳои гуногуни таърихӣ то имрӯз ҳифз шудаанд. Аз ёдгориҳои давраи Суғди бостонӣ то иншооти меъмории асримиёнагӣ ҳар як мавзеъ як бахши муҳими таърихи миллатро инъикос мекунад.
Қалъаи Муғ, Гардани Ҳисор, Қалъаи Кум, Манораи Варз, Манораи Рарз, мақбараҳои таърихӣ ва дигар ёдгориҳои минтақа нишон медиҳанд, ки ин сарзамин дар тӯли ҳазорсолаҳо яке аз марказҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ будааст.
Омӯзиш ва ҳифзи ин ёдгориҳо на танҳо барои донистани гузашта, балки барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон аҳамияти бузург дорад.
Сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ
полковники милитсия
Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин















