Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Шуроҳои ҷамъиятӣ
10-уми июли соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ва ошкорбаёнии фаъолияти милитсия, инчунин нақши назорати ҷамъиятӣ дар раванди ислоҳоти милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд намуд, ки Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҷамъиятии машваратӣ ва мушоҳидавӣ таъсис дода шудааст ва барои таъмин намудани иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия мусоидат менамояд.
Ҳадафи асосии фаъолият ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, пешниҳоди таклифу тавсияҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия мебошад.
Таъкид гардид, ки Шӯрои ҷамъиятӣ дар асоси иштироки ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳимояи ҳуқуқ, илмӣ ва эҷодӣ, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ таъсис ёфта, барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва рушди муносибатҳои созанда байни ҷомеа ва мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мебарад.
Иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба роҳҳои минбаъдаи густариши ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, татбиқи принсипҳои шаффофият, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин такмили минбаъдаи раванди ислоҳоти милитсия табодули назар намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ як қатор собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, аъзоёни Шуроҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ барои саҳми арзандаашон дар таҳкими ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа, дастгирии раванди ислоҳоти милитсия ва фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ бо медал “Барои ҳамкорӣ”, Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.





















