Азонихудкунӣ
Ҳангоми баррасии аризаи шикоятӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ дар кирдори шаҳрванд Масҳабов А.М., соли таваллудаш 1995 сокини кӯчаи Шамсии ноҳияи мазкур ҷинояти азонихудкунӣ ошкор карда шуд. Номбурда, аз санаи 02.01.2025 то 01.12.2025 дар ҶДММ “Пардис гуруҳ” ба ҳайси намояндаи тиҷоратӣ кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш ба тасарруфи молу мулки ҷамъияти мазкур, ки ба ӯ бовар карда супорида шуда буд, даст задааст. Дар натиҷа бо ин кирдораш номбурда ба ҶДММ “Пардис гуруҳ” ҷамъ ба маблағи 191 ҳазору 922 сомонӣ зарар расонидааст.
Тафтишот дар ин самт идома дорад.














