Ба истифодадиҳии бинои иловагии ШВКД дар шаҳри Конибодом
Нимаи дуюми рӯзи 8 июл дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бинои навсохтмони иловагии ШВКД дар шаҳри Конибодом ба истифода дода шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар ин замина барои ҳайати шахсӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуд. Бинои хизматӣ дар шафати бинои асосии шуъба қомат афрохта аз 3 ошёна иборат мебошад. 16 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, синфхонаи таълимӣ ва дигар инфросохтори зарурӣ дар бино ҷойгир карда шудааст, ки бо ҷевон, мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизотҳои техникии барои хизмат зарӯрӣ таъмин мебошанд. Бинои хизматии мазкур барои фаъолияти шуъбаву хадамотҳои оперативӣ пешбинишуда, масъулини кофтукови ҷиноятӣ, мубориза бар зиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва кор бо ноболиғону ҷавонон бо шароити хуби хизматӣ таъмин гардиданд.
Қаблан дар макони иншооти тозабунёд биноҳои хурдҳаҷми ёрирасони фарсуда ва барои истифодабари номувофиқ ҷойгир буданд. Бо назардошти эҳтиёҷ ба ҳуҷраҳои корӣ роҳбарияти шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом зарур шуморид, ки иншооти нави хизматӣ бунёд карда шавад. Ин ташаббусро роҳбарияти ВКД ҷонибдорӣ ва бо маблағгузориҳои ВКД, МИҲД шаҳри Конибодом ва саҳмгузории ҳайати шахсиву соҳибкорони ватандӯст дар муддати кутоҳ лоиҳаи пешбинишуда амалӣ ва корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд иҷро гардид.
Ҳамчунин дар ин мавзеъ майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки ҷиҳати ба варзиш машғул гардида дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор гирифтани ҳайати шахсӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи корҳои ободонӣ бинои асосии шуъба низ аз таъмири кул бароварда шуда, дар баробари мумфаршу сафолакпӯш кардани роҳравҳо ва ташкили қитъаи махсуси сафороӣ ҳамчунин дар гирду атроф ниҳолу буттаҳои сабзу ороишӣ шинонида шудааст.
Баъди шиносоӣ бо шароити кории фароҳамгардида Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ суҳбат намуда, ҷиҳати бо масъулияти баланд иҷро намудани уҳдадории касбӣ, тавсияву дастурҳои мушахасси хизматӣ дод.
Дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи МИҲД шаҳри Конибодом ба шуъбаи мазкур як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Hyndai Santa Fe” тақдим гардид, ки барои пешбурди босифати фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.






















