Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти операти ҷустуҷӯи

Ба китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ»
Душанбе: «ЭР-граф», 2012, -596 с.
Васоити таълимии мавриди тақриз маҳсули меҳнати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал - лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич буда, зери таҳрири номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Солиев К.Ҳ. интишор гардидааст. Муқарризони он доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Шарипов Т. ва номзадони илмҳои ҳуқуқ Шарипов Ф.Р., Бобоҷонов И.Ҳ. ва Ғозиев М. мебошанд.
Асари мазкур аввалин васоити пурраи дарсиву таълимии олимони ҳуқуқшиноси тоҷик мебошад, ки бо истифода аз назарияи илмии олимони намоёни соҳаи мазкури фаъолияти ҳуқуқӣ ва тадқиқоти ҳамаҷониба вобаста ба масъалаҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ омода гардида, тамоми самтҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии мақомоти салоҳиятдори мамлакатро фаро гирифтааст. Дар асар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯии мақомоти зерсалоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди тадқиқоти ҳамаҷонибаи илмиву назариявӣ қарор гирифтаанд.
Муаллифи китоб тавонистааст, ки мазмуну моҳияти мафҳумҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, аҳамият ва зарурати фаъолияти мазкур, предмет, метод, мақсад, вазифаҳо, принсипҳо, манбаъҳои таърихӣ ва асосҳои ҳуқуқии он, роҳҳои иштироки шаҳрвандон ва ташкилотҳои ғайридавлатиро дар фаъолияти мазкур ба таври оммафаҳм муфассал шарҳ диҳад. Дар китоб намудҳои чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва тартиби гузаронидани онҳо пурра тафсир карда, мавқеи махсуси иштирок ва мусоидати шаҳрвандон, назорати ғайриидоравӣ дар натиҷабахшии фаъолияти мазкур нишон дода шудаанд.
Китоб бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Номгўи намудҳои воситаҳои махсуси техникие, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ таъин гардидаанд» ва «Оид ба тасдиқ намудани Намудҳои воситаҳои махсуси ҳимояи шахсӣ, алоқа ва огоҳонӣ аз хавфу хатар, ки ба шахси ҳимояшаванда дода мешаванд ва тартиби додани онҳо», инчунин намунаи ҳуҷҷатҳои оперативӣ - хизматӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пурра гардонида шудааст, ки онҳо дар маҷмўъ қиммати васоити таълимии мазкурро боз ҳам арзишманд мегардонанд.
Асарро сохтори аниқу муназзам хоса буда, он аз муқаддима, 4 қисм ва 15 боби пасоянди мувофиқу ҳамдигарро пурракунанда иборат мебошад, ки аз доштани дониши баланди назариявӣ ва таҷрибаи бою фаъолияти бевоситаи тӯлонии муаллифи он дар хизмати оперативӣ - ҷустуҷӯии кишвар дарак медиҳад.
Дар муқаддимаи Китоб интихоби мавзўъ, зарурати омода кардан ва ба хонанда расонидани васоити таълимӣ асоснок карда, қисми якуми он ба аҳамият, вазифаҳо ва давраҳои инкишофи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва боби аввал ба зарурати омӯзиш ва амалигардонии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бахшида шудаанд.
Муаллиф асоснок қайд кардааст, ки ривоҷи ҷиноятҳои муташаккилона, махфияти мустаҳками кирдорҳои гурўҳҳои ҷиноятӣ, дараҷаи баланди таҷҳизоти техникии онҳо, ноустувории манбаи далелҳо ва нишондоди шоҳидон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунгузорро водор месозад, ки роҳҳои нави ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷинояткориро пайдо намуда, воситаю усулҳои ҷамъоварии далелҳоро пурзўр намоянд.
Новобаста ба он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд муассисаҳои таълимӣ кадрҳои ҳуқуқшинос тайёр мекунанд, сохторҳои оперативӣ - ҷустуҷўии мамлакат доимо ба кадрҳои баландихтисоси соҳа ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, омўзиши фанни таълимии «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» дар тамоми муассисаҳои ҳуқуқии кишвар зарур гаштааст. Зеро дар сурати надоштани дониши амиқ дар ин самт, имконияти муайян намудани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз нуқтаи назари қонунӣ будани онҳо, дараҷаи эътиборнокии иттилооти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, муайян намудани перспективаи амалигардонии маводи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар рафти фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ вайрон шуданашон мумкин аст, муқаррар кардани назорати прокурории мақсаднок ва назорати самараноки судӣ нисбати фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ғайриимкон мебошад.
Муаллиф дар натиҷаи тадқиқоти масъалаи мазкур ба хулосаи асоснок омадааст, ки барои сари вақт ва бомуваффақият ошкор кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, дастрас намудани далелҳои боэътимод бо парвандаҳои ҷиноятӣ, таҳияи механизми боз ҳам пурзўри роҳҳои мубориза бо ин гуна зуҳуроти номатлуб манбаи боэътимоди меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст. Аз ин лиҳоз, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомати прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи разведкаи ҳарбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Дар бораи милитсия», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурўши одамон», «Дар бораи яроқ», «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа», «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад буда, онҳо дар маҷмўъ фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯиро аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори кишвар ба танзим медароранд.
Боби 2 ба мафҳум, вазифаҳо ва принсипҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бахшида шудааст.
Муаллиф тавонистааст асоснок намояд, ки фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ як намуди фаъолияти ҳуқуқӣ буда, заминаи ҳуқуқӣ дорад ва ба иҷрои вазифаҳои давлат вобаста ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона гардидааст. Ва он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ќатъиян дар асоси муқаррароти қонун ба манфиати шахсият, ҷамъияту давлат гузаронида мешавад. Хулосаи мазкур аз муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ», ки фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯиро ҳамчун намуди фаъолияти ба таври ошкоро ва ё ғайриошкоро аз ҷониби мақомоти давлатии тибқи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон ба ин фаъолият ваколатдоршуда бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ муайян кардааст, сарчашма мегирад.
Дар мувофиқа бо қонунгузории мамлакат, фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар асл яке аз намудҳои фаъолияти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ буда, дар қатори дигар намудҳои он барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандон, моликият ва таъмини бехатарии ҷамъият ва давлат аз таҷовузҳои ҷиноятӣ равона карда шудааст.
Мақсади фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ иборат аз ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликият, амнияти ҷамъият ва давлат аз таҷовузи ҷиноятӣ мебошад. Вазифаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар қатори ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо, ошкор ва муайян намудани шахсони ин ҷиноятҳоро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда; ҷустуҷўи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва суд пинҳоншуда, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда; ба даст овардани маълумот дар бораи ҳодиса ё ҳаракатҳое (беҳаракатие), ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ё экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, инчунин иборат аз муайян намудани номгӯй ва ҷойи молу мулки аз ҷониби суд мусодирашаванда мебошад.
Принсипҳои қонуният, инсондӯстӣ, баробарӣ дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пинҳонкорӣ, ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро асосҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мебошанд.
Дар Китоб предмети фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ҳамчун фанни таълимӣ ба чор гурӯҳ тақсим намуда, асоснок карда шудааст, ки мувофиқ ба талаботи дастури таълимӣ ва объектҳои тадқиқи он мебошад.
Муаллиф боби сеюмро ба давраҳои таърихии инкишофи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар мамлакат бахшида, ба хонанда дар бораи таърихи пайдоиши фаъолияти ҷустуҷӯӣ (сыск) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ додааст. Аз ҷумла, қайд кардааст, ки дар давраи қадим мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик дар нигоҳдории давлатдорӣ ва ҳокимият ба фаъолияти махфӣ (разведка, зиддиразведкавӣ, агентурӣ) аҳамияти махсус медоданд. Дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ усулҳои алоҳида ва шаклҳои кори ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ошкорсозӣ ва ҷазодиҳии вайронкунандагони тартибот васеъ истифода мешуданд. Дар даврони ҳукмронии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ҳатто мансабдорони махсус буданд, ки вазифаҳои онҳо аз гирд овардани маълумот дар бораи вазъи дохилӣ, ҳаракатҳо ва ҳолатҳои роҳбарон иборат буд. Ӯ барои назорати ҳатто аъмоли писарони худ низ шахсони махфиро вобаста карда буд.
Дар боби 4 асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва рушди он, инчунин мафҳумҳои асосии фаъолияти мазкур оммафаҳм баён ёфтаанд, ки дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд арзиши муҳим мебошад. Зеро асосҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти мазкур ба танзим медароранд. Ва муносибатҳои ҷамъиятие, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд, устувор ва доимоамалкунанда буда, риоя ва таъмини онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст ва субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ вазифадоранд онҳоро бечунучаро иҷро намоянд.
Боби 5 ба субъектони фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бахшида шуда, дар он мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, ваколатҳо ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин роҳҳои иштироки шаҳрвандон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар фаъолияти мазкур маълумот дода мешавад.
Дар қисми дуюми китоб мутобиқи муқаррароти қонунгузории мамлакат самтҳои муҳимтарини фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян карда, дар боби шашуми он мафҳуми чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла намудҳои махсуси онҳо ва хусусиятҳои гузаронидани онҳо тафсир карда шудаанд.
Бо тадқиқи масъалаи мазкур муаллиф тавонистааст асоснок кунад, ки чораҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ амалҳои аз тарафи субъектҳои ваколатдор иҷрошавандае мебошанд, ки аз ҷихати ташкилӣ ба низом дароварда шудаанд, муташаккилу мақсаднок буда, барои иҷрои вазифаҳои мушаххаси оперативӣ ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ пешбинӣ гардида, махфию ошкоро ва меъёран танзимгардида мебошанд, бо истифодаи усул ва воситаҳои махсус амалӣ мегарданд, маҳдудиятҳои тартиботӣ, тактикӣ, макониву замонӣ доранд, вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъияту давлат ва муносибати таваккалии бепояро истисно менамоянд.
Дар боби ҳафтуми китоб дар бораи намудҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ маълумот дода, бо истифода аз таҷрибаи назариявиву касбӣ ва асосноккунии боэътимод онҳо мувофиқи таъиноташон ба гурӯҳҳо тақсим карда шудаанд, ки азбаркунии мавзӯро хеле содда мегардонад. Аз ҷумла, ба гурўҳи аввал чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯие, ки ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро маҳдуд мекунанд, мансуб дониста шуда, ба ин гурӯҳ муоинаи оперативии манзил, назорати оперативии муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигар, гўш кардани гуфтугўҳои телефонӣ ва сабти онҳо, гирифтани иттилоот аз каналҳои техникии алоқа дохил карда шудаанд, ки мутобиқ ба муқаррароти Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мебошад.
Ба гурӯҳи дуюм чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯие дохил карда шудаанд, ки бо иҷозати роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронида мешаванд. Ба ин гурӯҳ, харидории оперативӣ, санҷиши оперативӣ, воридсозии оперативӣ, таҳвили назоратшаванда, эксперименти оперативӣ ва таъсиси шахси ҳуқуқӣ мансуб дониста шудаанд, ки мувофиқ ба таъинот ва мақсади гузаронидани ҳар яке аз онҳо мебошад.
Пурсиши оперативӣ, ҷамъоварии маълумот, ҷамъоварии оперативии намунаҳо барои таҳқиқи муқоисавӣ, ҷустуҷӯи шахсӣ, таҳқиқи оперативии ашё, ҳуҷҷатҳо ва объектҳои дигар, мушоҳидаи оперативӣ, ҳаммонандкунии оперативии шахсият ва объектҳои дигар, муоинаи оперативии биноҳо, ҳуҷраҳо, иншоот, қитъаҳои маҳал ва воситаҳои нақлиёт (ғайр аз манзили истиқоматӣ) ба гурӯҳи алоҳидаи сеюм ҷудо карда, «чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷўие, ки бо ташаббуси корманди оперативӣ гузаронида мешаванд» номгузорӣ шудааст, ки моҳияти онҳоро пурра фарогир мебошад. Зеро чорабиниҳои мазкур бо ташаббус ва бевосита аз ҷониби худи корманди оперативӣ бо мақсади амалигардонии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мустақилона ташкил ва гузаронида мешаванд.
Боби 8 ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бахшида шуда, дар он таърихи батанзимдарории меъёри истифодабарии натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, истифодабарии онҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, тартиби пешниҳод намудан, баррасии онҳо аз ҷониби прокурор ва суд то оғоз ва баъд аз оғози парвандаи ҷиноятӣ дақиқ гардонида шудаанд, ки қабл аз ҳама барои мутахассисони ҷавони соҳа аҳамияти махсус дорад. Зеро амалигардонии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бе истифодаи натиҷаи он, танҳо сарфи беҳудаи меҳнати мушкилу пурмашаққат ва маблағи давлатӣ буда, риоя нагардидани тартиби муайяншуда далелҳои бо ин фаъолият ҷамъовардашударо барбод медиҳад. Аз ин лиҳоз, муаллиф шахсеро, ки ба фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ваколатдор аст, дуруст огоҳ менамояд, ки ҳангоми тайёр намудан ва барасмиятдарории натиҷаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, ки ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор, суд ва ё судя пешниҳод карда мешавад, ҳатман чораҳои зарурӣ оид ба муҳофизат ва мукаммалии маводи пешниҳодшаванда андешад.
Аз ҳама муҳим он аст, ки муаллиф ба масъалаҳои мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ боби алоҳидаро (Боби 9) бахшида, дар он намудҳои мусоидати шаҳрвандон ба ин фаъолият ва самтҳои асосии истифодаи шаҳрвандонро дар амалигардонии фаъолияти мазкур манзури хонанда намудааст.
Ҳамзамон дар ҳамин боб муқаррароти қонунгузории мамлакат дар самти ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандони ба мақомоти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мусоидаткунанда тафсир карда шудаанд, ки яке аз роҳҳои мақсадноки ҷалби аҳолии мамлакат барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он мебошад. Дар радифи ин муаллиф асоснок қайд намудааст, ки шахсоне, ки ба мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мусоидат менамоянд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат зери ҳимояи давлат қарор доранд. Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ўҳдадоранд, ки барои таъмини амният ва маҳфуз доштани молу мулки шахсони ба онҳо мусоидаткунанда ва ҳамчунин хешовандони онҳо аз таҷовузҳои ҷиноятӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Боби 10 ба ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бахшида шуда, вобаста ба мафҳумҳои асосии сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва танзими онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ маълумот дода шудааст. Қайд гардидааст, ки сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ моҳияти хоса дошта, ба сифатнокии ҳифзи он ва самаранокии натиҷаҳои ба дастовардашуда ҳангоми иҷрои вазифаҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ вобастагии калон дорад. Зеро сирри давлатӣ маълумоти соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ буда, аз тарафи давлат ҳифз мегардад ва паҳн кардани он метавонад ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад.
Муаллиф ба профилактикаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ боби махсусро (Боби 11) бахшида, дар он намудҳои профилактикаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва тартиби гузаронидани онҳо, инчунин ташкил ва амалӣ намудани амалиётҳои маҷмӯӣ ва махсуси оперативӣ - профилактикиро овардааст. Ва ба хулосаи асоснок омадааст, ки профилактикаи оперативӣ - ҷустуҷӯӣ иборат аз таъсиррасонии саривақтӣ ба ҷинояткор ва вазъи ҷинояткорӣ аз тарафи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯии ошкоро ва ғайриошкорои дорои хусусияти ҷустуҷӯӣ, кофтуковӣ, санҷишӣ ва безараргардонӣ бо мақсади ҳар чи зудтар муайян намудани шахсе, ки хоҳиши содир кардани ҷиноятро дорад ва таъсири мусбӣ расонидан ба ў, инчунин аз муайян намудани таҳдидҳо (хатарҳо) нисбати ҷабрдидагони ҷиноят, таъмини ҳимояи онҳо, сабаб ва шароити сар задани ҷиноят ва бартараф намудани он мебошад.
Бо мақсади таъсирбахш ва самаранок амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар якҷоягӣ бо дигар чораҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда истифода бурда мешаванд, ки онҳо дар таҷрибаи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ амалиётҳои маҷмўӣ ва мақсадноки оперативӣ - профилактикӣ номида шудаанд.
Қисми сеюми китоб ба воситаҳое, ки дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ истифода мешаванд, бахшида шуда, дар боби 12 дар бораи техникаи махсуси фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, аз ҷумла асоснокӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии истифодаи техникаи махсус дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, инчунин мафҳум, таъинот ва таснифи (классификатсияи) техникаи махсус ва баамалбарории натиҷаҳои истифодабарии он дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ маълумот дода шудааст.
Муаллиф дуруст хулоса намудааст, ки техникаи махсус барои мақомоти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар бисёр ҳолатҳо воситаи ягонаи ҷамъоварии маълумоти зарурӣ дар бораи фаъолияти гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор мебошад.
Дар боби 13 манбаи иттилоотии фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, асоснок қайд карда шудааст, ки баҳисобгириҳои махсуси Сармаркази иттилоотӣ - таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи иттилоотии аввалиндараҷаву муҳим ва бебаҳои мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ вобаста ба амалигардонии фаъолияти мазкур мебошад.
Ба истифодаи сагҳои хизматӣ ва дигар воситаҳо дар фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ боби 14 Китоб бахшида шуда, дар он дар бораи асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби истифодаи сагҳои хизматӣ ва дигар воситаҳои дар ихтиёри мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ қароргирифта, аз ҷумла воситаҳои манъкунандаи нақлиёт, таппончаи барқафкан (электрошок), дастбанд, гази ашковар, тири резинӣ ва монанди онҳо маълумоти мушаххас дода шудааст.
Қисми чоруми китоб, ки иборат аз боби 15 мебошад, пурра ба вазифаҳои назоратӣ ва назоратбарии мақомоти давлатӣ ва маблағгузории фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бахшида шуда, дар он масъалаҳои назоратбарии ҳокимияти давлатӣ, идоравӣ, молиявӣ ва прокурорӣ нисбати фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ мавриди тадқиқи ҳамаҷониба қарор дода шудаанд. Инчунин оид ба беҳтар гардонидани кор дар самтҳои мазкур, пешниҳодҳои мушаххасу ҷолиби тадқиқ ба миён гузошта шудаанд, ки шаҳодати идома гирифтани омўзиши мавзўъ аз ҷониби муаллиф мебошад.
Ба китоб замима намудани намунаи ҳуҷҷатҳои оперативӣ - хизматӣ, тавре ки дар ибтидо қайд гардид, онро боз ҳам пурра ва пурарзиш мегардонад.
Дар баробари ҳолатҳои зикргардида, дар маводи мавриди тақриз баъзе ноаниқиҳо ва ҳолатҳои баҳсие ҷой доранд, ки онҳо қимати назариявӣ ва амалии маводи таълимии аввалини фарогирандаи тамоми самтҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯиро паст намегардонанд, балки дар хонанда завқи омўзиши масъаларо пайдо менамоянд.
Китоб бо забони илмӣ бо истифода аз назария ва таҷрибаи мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷўии ҷумҳурӣ оммафаҳму равон навишта шуда, метавонад китоби рўимизии омўзгорон, аспирантҳо, донишҷўён, курсантону шунавандагони муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, кормандони хизматҳои оперативӣ - ҷустуҷўии онҳо, мақомоти махсуси мубориза бо ҷинояткорӣ, таҳқиқбарандагон, муфаттишон, прокурорҳо ва судяҳо гардад.
Дар маҷмўъ, китоб ҳам аз нуқтаи назари илмӣ ва ҳам амалия муҳим ва қобили дастгирии пурраву ҳамаҷониба мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ,
мушовири давлатии адлияи
дараҷаи 2 - юм: А. Х. Имомов

22.06.2024 14:15
81