Қаллобӣ
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт дар кирдори як нафар шаҳрванди Афғонистон муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Сино ҷинояти қаллобиро ошкор намуданд.
Номбурда солҳои 2024-2025 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд сокини 23-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 9 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, ваъда додааст, ки аз қайди гумрукӣ маводҳои хӯроквориро гузаронида медиҳад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накардааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.

















