Авбошӣ
7-уми июли соли 2026 тахминан соати 20:10-дақиқа шаҳрвандон Муродов Х.Э., соли таваллудаш 2000, Амонов Ҳ.М., соли таваллудаш 1980 Латипов А., соли таваллудаш 1999 сокинони ноҳияи Кушониён аз ҳисиёти авбошӣ дар ҷои ҷамъиятӣ, бо Зардаков Н.С., соли таваллудаш 2003, Худойдодов А.А. соли таваллудаш 1995 ва Одинаев А.А. соли таваллудаш 2005 сокинони ҳамин ноҳия муноқиша карда, якдигарро мавриди лату куб қарор додаанд. Дар натиҷа Амонов Ҳ.М., бо истифода аз корд дар қисмати рони пои чапи Зардаков Н. С., ду зарба задааст.
Ҷинояти мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Кушониён ошкор гардида, нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва дар пешбурди тафтишот қарор дорад.














