Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кирдори шаҳрванд Абдулҳаев З.А., соли таваллудаш 1976 истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ҷинояти қаллобӣ ошкор карда шуд. Номбурда, моҳи июли соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Беков Ҳ. С., соли таваллудаш 1983 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо мақсади аз заминҳои хоҷагии деҳконии “Ҳоҷӣ-Абдухалил”, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав ҷудо намуда додани масоҳати 1-га замини корами оббӣ, аз ӯ 240 ҳазор сомонӣ талаб карда, аз ин, маблағи 180 ҳазор сомониашро гирифта, ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст. 
Нисбати Абдулҳаев З.А., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. 

07.07.2026 9:43
31