Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк
2-юми июли соли 2026 дар амборхонаи манзили истиқоматии шаҳрванд Собиров Ҷ.Қ., соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун сӯхтор ба амал омада, дар натиҷаи сӯхтор молу ашёи дар амборхона нигоҳдошташуда қисман сӯхта, ба соҳибмулк беш аз 6 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро собиқ ҳамсари ҷабрдида И.М., соли таваллудаш 2002 сокин ноҳияи мазкур дар заминаи хусумати шахсӣ содир намудааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















