Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздӣ

Шаҳрванд Боишев Рустам соли таваллудаш 1999 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ба ШВКД дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кард, ки шаби 1-ум ба 2-юми июли соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” рақами қайди давлатиаш 91-36 РА 01-ро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 46 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Кадиров Эркинҷон Анатолевич соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки пеш бо ҳамин ҷурм суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Бегмадов Меҳроҷ соли таваллудаш 2004 истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, 22-юми июни соли 2026, тахминан 03:10-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквории “Расул”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки ба шаҳрванд Қаҳҳоров Расул соли таваллудаш 1996 сокини ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, вориди гардида, аз он ҷо 4 ҳазор сомониро дуздидааст.
Вобаста ба ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

04.07.2026 10:27
33