Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ВКД чорабинии омӯзишӣ вобаста ба ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат баргузор гардид

3-юми июли соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии омӯзишӣ вобаста ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сиёсатшинос, сармуҳаррири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок намуда, оид ба аҳамияти ташаббуси навбатии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созандаи байни давлатҳо суханронӣ кард.
Таъкид гардид, ки ташаббуси Пешвои миллат дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир дорои аҳамияти бузурги сиёсиву инсонӣ буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои оянда равона шудааст.
Ҳамзамон зикр шуд, ки халқи тоҷик аз азал дорои фарҳанги сулҳпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Маҳз ҳамин арзишҳои волои миллӣ имрӯз низ дар сиёсати давлати Тоҷикистон таҷассум ёфта, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ҳамчун саҳми арзишманд дар роҳи таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки омӯзиш ва тарғиби чунин ташаббусҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳайати шахсӣ аҳамияти муҳим дорад.

03.07.2026 17:34
36